27 фев 2013 (OFF) N92A : Саволу чавоб ба Хочи Мирзо
Хонандагони азиз! Бо мувофиқа бо имом- хатиби масҷиди марказии шаҳри Кӯлоб Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов бо мақсади хубтар шиносо намудани шумоён бо қавоиди дину шариат тасмим гирифтем, ки мулоқоти ғоибона барпо намоем. Дар давоми қариб ду моҳи додани ин эълон, якчанд савол гирифтем. Инак, мувофиқи ваъдаамон меҳмони Ҳоҷӣ Мирзо гаштем ва домуллои писандидаи шумоён ба саволҳоятон ҷавоб доданд. Мутаваҷҷеҳ бошед!

Савол: Ҳамсояам мегӯяд, ки Қуръонхонӣ девона мекунад. Келини ман аз кӯдакӣ китоби Қуръон мехонад. Ҳоло соҳиби ду кӯдак асту боз ҳомиладор мебошад. Мегӯяд, ки ҳангоми хондан баъзе душворӣ: ғалабаи хоб, хастагӣ падид меояд, аммо ҳанӯз девона нашудааст. Аз ҳарзагӯии ин ҳамсоя ба дод омадаем. Шояд шумо ба ин ҳарзагӯй ҷавоби аниқ медиҳед. Раҳимова Латифамоҳ, ш. Душанбе кӯчаи Борбад -
Хоҳарон ва модарон! Ҳар касе мегӯяд, ки Қуръонхонӣ одамро девона мекунад, фанатик мекунад, шумоён инро дар таҷриба бисанҷед. Бигзор ана ҳамин келини шумо мисоли ин кор бошад. Бинед, ки девона мешавад ё не. Қуръон, баръакс, инсонро табобат мекунад. Худованд дар ин китоби муқаддас мегӯяд: «Мо Қуръонро ҳамчун шифо барои ҳар кадоми шумо фиристодем. Аз он истифода баред, то ки инсони комил шавед ва шумоёнро аз дардҳо муҳофизат кунад». Бинобар ин, аз ин гуфтаҳо ғамгин ҳам нашавед, нороҳат ва рӯҳафтода нагардед, зеро аз дунёбино бадгӯиҳо дар ҳаққи дин вуҷуд доштанд. Ва бо ҳамон ду мисраи ҳазрати Мавлавӣ: Ҳазорон корвон рафтанд дав-дав, Ҳанӯз ин сагҳо доранд ав-ав. иктифо мекунем.

Савол: Салом домулло Ҳоҷӣ Мирзо! Шумо чанд китоби фатво хондаед? -
Дар китобдоне, ки ман дар хона дорам, зиёда аз 40 намуди фатво ҳаст. Аз ҳар намуди он вақти кор истифода мебарем. Ба ҳар кадоми он диққат медиҳем, ки дар кадомаш далелҳои қавитар ва дар зери кадомаш, ки ҳуҷҷатҳои саҳеҳтар бошад, аз он бештар истифода мебарем.

Савол: Домулло! Тарошидани риш чӣ ҳукм дорад? Фирӯзи Сайфиддин, шаҳри Ваҳдат. -
Албатта, тарошидани риш дар ислом ҳукми суннатро дорад. Инсон ба тарки суннат гунаҳкор мешавад. Марде, ки имкони риш гузоштанро дораду риш намегузорад, ин маънои онро дорад, ки суннати паёмбари гиромиро тарк карда истодааст. Барои касоне, ки имрӯз узр доранд: дар мансабҳои давлатианд ва ё дар донишгоҳҳо мехонанд, гузоштани риш барои онҳо як ҳадди муайян дорад, мисли амри вазири маориф, ки чанд сантиметр риш гузоштанро иҷозат додаанд. Ҳамон миқдор ҳам агар риш гузоранд, аз рӯи зарурат ҷоиз мешавад.

Савол: Моҳномаи (календари) мусулмониро каме шарҳ медодед? Маъруфҷон, аз Испечаки 1. -
Чуноне дар моҳномаҳои милодӣ 12 моҳ вуҷуд дорад, дар моҳномаи мо ҳам 12 моҳ вуҷуд дорад, ки аз моҳи Муҳаррам оғоз мегардад. Муҳаррам, Сафар, Рабиуллоҳ, Рабиуссонӣ, Ҷимодулу, Зимодуссонӣ, Раҷаб, Шаъбон, Рамазон, Шаввол, Зумқада, Зулҳиҷа. Алҳол мо дар моҳи Шаъбон қарор дорем ва ба моҳи мубораки Рамазон наздик мешавем.

Савол: Саломи худро ба Ҳоҷӣ Мирзо мерасонам. Шахсе панҷ вақт намозашро дар масҷид мехонд, вале аз рӯзе, ки мансабдор шуд, масҷид намеравад. Вай мегӯяд, ки хело хондем. Акаи Ҳоҷӣ ба ин шахс чӣ гуфтан мумкин аст? Номаи махфӣ, аз ш. Душанбе -
Ин бародари мо касе, ки бошад, хело ҳам дар масҷид намоз хонда бошад, иншооллоҳ дар ин «хеле хондагӣ» -и худ савоб мегирад, вале агар ҳамин гапро ба тариқи киноя гуфта бошад, ё ба тариқи масхара гуфта бошад, ё нописандона гуфта бошад, ҳамаи намозҳои хондааш барбод меравад ва дар пешгоҳи Худованд ба бандаи гунаҳкор мубаддал мешавад. Вақте Худованд инсонро мансаб дод, бояд бештар рӯ ба сӯи Худо биёрад, бештар аз Парвардигор битарсад. Худо хоҳад, парвардигор баракати ӯро зиёд мекунад. Чуноне Бедил гуфтааст:
Тавозӯъ зи гардандарозон накӯст,
Гадо гар тавозӯъ кунад, хӯи ӯст.
Одамони мансабдору вазифадор чи қадаре тавозӯъ кунанд, ҳамон қадар мартабаашон баландтар мегардад.

Савол: Ман як сол боз беморам, майнаи сарам шамол кашидааст. Як дасту поям суст аст. Мегӯянд, ки дер табобат меёбад. Ба бемориам нигоҳ накарда, намозҳоямро мехонам. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки барои шифоёбии ман дуо кунед. Соҳиба Содиқова аз шаҳри Исфара - Худованд барои ин хоҳари азизи мо шифои комилу шифои оҷилро насиб бигардонад!

Савол: Домулло! Намози шукронаи Худо баъд аз намозҳо хонда мешавад ё ба худаш вақту соати хос дорад? -
Мо «намози шукрона» ном намоз надорем. Ҳамин 5 вақт намозро хонед, баъд аз намозҳои нофилае, ки шукри вузӯъ мегӯем, баъди таҳорат кардан ё ин ки таҳияи масҷид, ё намозҳои таҳаҷҷуд намозҳои зуҳо мегӯем аз баромадани офтоб. Ҳаминҳо агар хонда шаванд, албатта шукргузориро ифода мекунанд.

Савол: Ҳамсоязанамон аз шавҳараш пинҳонӣ нос мекашад. Шавҳараш ӯро қасам хӯрондааст, ки дигар нос накашад. Кори ӯ дуруст аст? Фарзона, хонандаи «Оила» -
Ман қаблан ҷавоби ин саволро баён кардам, вале ҳаминро илова менамоям, ки сигор ва нос кашидани зан- модар хеле аламовар аст. Пайғамбар дар як ҳадис гӯшзад мекунад, ки агар мард боҳаё бошад хуб, зан боҳаётар бошад, беҳтарин. Модару хоҳари мо вақте ба носу сигор ва шароб даст мезананд аз модарию тарбияи модарона нисбати фарзанд дигар чизе боқӣ намемонад.

Савол: Ман оиладор ва соҳиби 4 фарзанд ҳастам. Бо ҳамроҳии додарарӯсам кор мекардам. Тиҷорат доштем. Аз ман пул гирифта гуфт, ки то соли нав кор мекунему аз ҳисоби даромад пул ё мошин медиҳам. Ин соли 2009 буд. Аммо вай қарздор шуд. 13 ҳазор доллари ман дар дасташ монд. Вақте барои пулҳо ба хонааш рафтем, ба ин маъно гап заданд, ки занатро сар диҳӣ ҳам пулатро намедиҳем. Дар чанд ҷойҳо миёни дӯстонаш бо занаш сеталоқа қасам хурдааст, ки гӯё пулҳоро баргардонда бошад. Домулло! Ман чӣ кор кунам? Аз шумо маслиҳат мехоҳам. Мухлис аз н.Ёвон -
Албатта, агар қасам хӯрда бошад, ки «занам се талоқ, ман пулашро додам» зани вай се талоқ аст. Азбаски 13 ҳазор доллари шумо дар дасти ӯст, метавонед ба идораҳои суд муроҷиат намоед. Афсӯс, аз аввал андеша накардаед. Пеш аз 13 ҳазорро ба вай додан, новобаста аз он ки додарарӯсатон аст, ба назди Нотариус рафта қарзатонро ҳуҷҷатгузорӣ мекардед. Дар ин сурат шумо имрӯз мушкилие намекашидед, балки мувофиқи шарти дар шартнома овардашуда ба ҳаққатон соҳиб мешудед. Ҳоло ҳам дер нашудааст, ба идораҳои дахлдор муроҷиат кунед.

Савол: Ду ҷавоне, ки ҳоло оила барпо накардаанд, ҳамдигарро дӯст медоранд. Яъне ошиқанд, бо ҳамдигар ишқбозӣ мекунанд. Оё дар назди Худованд инҳо гунаҳкор ҳисобида мешаванд ё на? М., ш. Конибодом -
Албатта гунаҳгор мешаванд. Пеш аз он ки ҷавондухтарро ҷавонписар ба никоҳаш медарорад, дар ислом дидани рӯйи якдигар ва ё лаҳзае сӯҳбат намудан гуноҳ нест. Аммо онҳое, ки хонадор мешаванд, бояд дар ҳузури маҳрамҳои зан вохӯрӣ намоянд. Вохӯриҳои пинҳонӣ хавфи бадном шуданро ба миён меоранд, барои ҳамин ҳам ишқбозӣ дар ислом раво нест.

Савол: Домулло Ҳоҷӣ Мирзо, дар бораи худатон маълумот дода метавонед? Хуршед аз в. Суғд - Зодаи шаҳри Кӯлоб ҳастам. Соли 1967 дар маҳаллаи Ҳилоли Аҳмар чашм ба олами ҳастӣ кушодаам. Аз айёми дар синфҳои 6-7 хондан аз ҳамсояамон, аз бобои Домуллошариф сабақ мегирифтам. Боз чандин устодони исломии Кӯлоб ва шаҳри Душанбе аз қонуну қавоиди ислом бандаро бохабар гардониданду баъд аз он ба хориҷа рафта таҳсил намудам. Ҳоло дар шаҳри Кӯлоб ба ҳайси имом- хатиб хизмат мекунам. Як зан ва 4 фарзанд: се писару як духтар дорам.

Савол: Дар деҳаи мо зани муллое ҳаст, ки «рӯзҳои сешанбе занҳо сар шӯянд, дар кафан хун мебинанд»- мегӯяд. Оё ин дуруст аст? А., н. Шаҳритус, деҳаи Қизиласкар. -
Не, ин ғалат аст. Ҳама рӯз барои зану мард сар шӯстан равост. Тозагӣ аз ислом аст. Ҳар вақте мехоҳӣ, шӯстан гир, ягон айбу гуноҳе нест.

Савол: Зани ҳомиладоре бо шавҳараш ҳар дам ҷангу ҷанҷол карда мегуфт, ки кӯдакро аборт мекунад. Мард безор шуда, ба бародари занаш занг зада, тариқи телефон занашро талоқ медиҳад. Духтур муайян кардааст, ки кӯдаки дар батн буда духтар аст. Зан мегӯяд, ки агар кӯдак нарина бошад, талоқ бурида мешавад. Домулло ин гап рост аст? Як бародар аз ш. Душанбе. -
Ин гап тамоман асос надорад. Зан, агар дар ҳолати ҳомиладорӣ талоқ гирад, новобаста аз он, ки бача мезояд ё духтар, талоқ аз ӯ зоил намегардад. Ҳамон талоқ (1-тост, 2-тост, 3 –тост ё 100-тост) дар гарданаш мемонад. Ба писар ё духтар таваллуд кардан талоқ аз зан бардошта намешавад.

Савол: Домулло! Ман оилаамро «баро рав» гуфтам. Ин ягон зарар ба оиладорӣ дорад? Марде аз маҳалаи Қазоқони ш. Душанбе. -
«Баро рав!» гуфтанро аз кинояҳои талоқ мегӯянд. Аз он ки зан дилатонро гирифтааст ё ғазабе ба ӯ пайдо кардаед, агар барои чанд муддат аз пеши чашматон дур рафтанаш (шояд дар ин муддат вазъият беҳтар шавад) ин корро карда бошед, ягон зарар ё зиён надорад.

Савол: Аз шавҳарам як сол мешавад, ки ҷудоям. Ақди никоҳамон бекор карда шудааст, лекин вай маро талок накардааст. Оё ман метавонам бе талоқи шавҳарам дубора шавҳар кунам? Фирӯза, хонандаи «Оила» -
Не, шумо шавҳар карда наметавонед. Қоида ҳамин аст, ки агар шавҳаратон то 4 сол ба шумо нафақа нафиристонад ё наздикӣ накунад, баъдан метавонед ба шӯъбаи фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед. Дар он ҷо бо шунидани шоҳидҳо хати талоқи шуморо медиҳанд. Шумо идда мепоед ва баъд аз он метавонед шавҳар кунед. Дар муддати 1-солу 2 сол талоқ намеафтед, то даме, ки шавҳаратон шуморо даҳонакӣ талоқ накунад.

Савол: Акаи Ҳоҷӣ Мирзо! Ман Нурободияму марди помирие ба хостгорӣ ба хонаамон омад. Мегӯянд, ки помириро нагир, ки ҳафт пуштат ҳаром мешавад. Вай намоз мехонад. Магар никоҳи мо раво нест? Чӣ маслиҳат медиҳед? Бо эҳтиром: Шаҳодат, мухлиси ҳамешагии шумо аз ноҳияи Нуробод. -
Ин гап ғалат аст. Дар ислом шарт диндорист. Маҳал нақше намебозад. Барои ҳамин ҳам, хоҳ помирӣ бошаду хоҳ аз маҳал ё ҳатто миллати дигар, фарқе надорад. Кадом миллате, ки набошад, диндор бошад, ибодат кунад, никоҳатон дуруст мешавад. Ба помирӣ ё миллати дигаре, ки мусалмон аст, ба шавҳар баромадан гуноҳ нест.

Савол: Мегӯянд, ки дар моҳи Раҷаб курта кардан савоб аст. Дар қиёмат саволу ҷавоб надорад. Оё ин дуруст аст? Атоева Шаҳноза, оиладор, н. Рӯдакӣ -
Не, ин гап ғалат аст. Дар кадом моҳе набошад, курта кардан фарқ надорад. Ҳар як инсон дар рӯзи қиёмат мавриди ҳисоб қарор мегирад- хоҳ дар моҳи Раҷаб аст, хоҳ дар моҳи Рамазон, хоҳ курта кардаасту хоҳ не, ба ин дахл надорад. Ба фикрам ин гап ба он хотир аст, ки мардҳо бештар ба таъмини занҳо аҳамият диҳанд. Мард моҳе як маротиба ба ҳамсараш курта кунад, кори савоб аст.

Савол: Мо дар хона ҳама намозхонем, ба ҷуз шавҳарам. Ҳар қадар кӯшиш мекунем, вай намозро ба гардан намегирад. Домулло, чӣ кор кунем, ки марди хона намозхон шавад? Хонандаи «Оила». -
Шумо, ки ҳама намозхонед, ин коратон меҳри намозхониро оҳиста-оҳиста дар дили марди хона ҷой мекунад. Ба суханҳои хубу нарм ӯро ба намозхонӣ даъват кунед. Боварӣ дорем, ки ӯ ин корро ба гардан мегирад, барои он ки пушт ба пушташ намозхон омадааст.

Савол: Писари ҳамсояам 20 сола аст. Ҷавони намозхон ва ҳамеша дар масҷид аст, аммо дар хона ба модараш гапгардонӣ мекунад. Модараш аз шумо хоҳиш дорад, ки оиди ҳурмати модар барояш сухане гӯед. Мухлис. -
Ба модар гуфтанӣ ҳастам, ки дискҳои оиди ҳурмати падару модар гуфтаи моро дар ҳузури писараш бишнавонад. Иншооллоҳ бо шунидани онҳо ин писар боз ба ҳурмати модар бармегардад.

Савол: Раисамон ба ман тухм медиҳад, ки ба 40 дирам фурӯшам. Агар ман 41 дирамӣ фурӯшам, корам аз назари шариат дуруст аст? Мухлис аз н. Файзобод.
Маслиҳатро бояд бо раисатон кунед. Агар коратон шарикӣ бошад, бояд ба ӯ хабар деҳед, ки тухмро 41 дирам мефурӯшаму 40 дирам ба ту таслим мекунам. Раисро, ки огоҳ кардед, ин кор ҳалол мешавад. 42 дирамӣ ҳам, ки фурӯшӣ, роҳбар бояд огоҳ бошад. Агар бе огоҳӣ тухмҳоро 41дирами фурӯшеду 1 дирамӣ фоида бигиред ва боз ба 40 дираме, ки раис муайян кардааст, шарик шавед, ин коратон хайр надорад.

Савол: Қуръони тоҷикиро бо пир мехонанд ё бе пир?. Баъди тамом кардани Қуръони тоҷикӣ онро ба ягон кас бахшидан мумкин аст? Мавлуда, аз ш. Қурғонтеппа. -
Не, барои хондани Қуръони тоҷикӣ пир ҳоҷат нест, зеро ки аз Қуръони тоҷикӣ хондан одам маълумот аниқ гирифта наметавонад ба ҷуз маълумоти каме. То кас рӯ ба тафсир наорад, қуръонро дуруст фаҳмида наметавонад. барои Қуръонро хуб аз худ кардан тафсирхон бояд буд. Қуръони
Навигация (1/2): далее >
Метки: Ислом
6513 0 5 0

Комментарии (12)

Рахмати худо бар шумо бод ай бандаи худочу барои катрахо аз бахри маънави.
Саломат боши!
Салом домулло хочи Мирзо як савол дорама мехохам чавобашро рузи 4.03.2013 шунавам? Ман аз дарди меьда азият мекашам духтур ба ман хурдани доруе дар таркибаш спирти тоза илованамуданро ичозат доданд оë хурдани ин дору дар ислом чоиз аст.Аюбджон аз нохияи Рудаки.
Салом домулло хочи Мирзо як савол дорам мехохам чавобашро рузи 4.03.2013 шунавам? Ман аз дарди меьда азият мекашам духтурон ба ман хурдани доруе дар таркибаш спирти тоза илованамуданро ичозат доданд оë хурдани ин дору дар ислом чоиз аст.Аюбджон аз нохияи Рудаки.
Агар аш кат аз ёди худо
кам нагардад
Иншоллох сарад
дарпеши касе хам
нагардад
Халол хур халол пуш
халол гард хамеша
Рискат зиёд дилат гам
нагардад
Салом акаи Хочи Мирзо!! ман як толибъилм хастам ба ман савол доданд, ки барои чи дар айни хол пайгамбар нест? ман конеъ карда натавонистам мехохам шумо равщантар мефахмондед.
саломад бош ай банда Худо
саломад бош ай банда Худо[color=green][/color]
Чазакаллоху хайран
Показать комментарий
Скрыть комментарий
Назад 1 из 2 Вперёд
1 2
Для добавления комментариев необходимо авторизоваться
Драконы
Погрузитесь в мир чудесных драконов, раскинувшем...
Версия: Mobile | Lite | Touch